Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 5 сарбози Русия бар асари ҳамла дар Буйноқск


Як бомбгузори маргталаб ба як таъсисоти низомӣ дар ҷумҳурии Доғистон дар минтақаи ошӯбзадаи Қафқози шимолии Русия ҳамла овард. Расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, бар асари ҳамла ба пойгоҳи низомӣ дар ҳошияи шаҳри Буйноқск 5 сарбози Русия кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Телевизиони Русия гуфт, як ҳайъати вазорати дифоъи кишвар ба маҳалли ҳодиса эъзом шудааст.
Тирандозиҳову бомбгузориҳо дар Қафқози шимолӣ, аз ҷумла дар Доғистон ва пойтахташ Махачқалъа дар ин авохир рӯ ба афзоиш овардааст. Мақомоти ин манотиқ мегӯянд, бо шумори афзояндаи чирикиҳои исломӣ дар набард мебошанд.
XS
SM
MD
LG