Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раъйпурсии Қонуни асосӣ дар Молдова


Имрӯз мардуми воҷиди шароити раъй дар Молдова барои маҷмӯъаи тағйирот ба Қонуни асосии ин кишвар раъй медиҳанд. Нуктаи меҳварии ин маҷмӯъаи тағйирот интихоботи мустақими раиси ин ҷумҳурист. Президенти Молдова то кунун дар парлумон интихоб мешуд, вале баъд аз истеъфои намояндаи ҳизби коммунист Владимир Воронин инак як сол боз парлумони ҷадид наметавонад барои интихоби раҳбари ҷадиди кишвар 61 раъйи мувофиқ ба даст биорад. Чунин ҳол Молдоваро дучори як бунбасти сиёсӣ кардааст, чунки бидуни имзои президент ягон қонуни тоза тасвибшударо намешавад дар маърази иҷро гузошт.
Расонаҳо мегӯянд, раъйпурсии имрӯза ғолибан ба маҷмӯъаи тағйирот ба Қонуни асосии Молдова раъйи мувофиқ хоҳад дод, вале ихтилофи назари сиёсӣ байни эътилофи ҳокими иборат аз 4 ҳизби рӯ ба Ғарб ва ҳизби мухолифи коммунист баъд аз ин маърака низ рафъ нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG