Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оркестри тоҷикӣ дар Маскав намои ҳунар мекунад


Имрӯз дар Маскав Рӯзи шаҳр таҷлил мешавад. Дар пойтахти Русия ба шарафи ин ид як ҷашнвораи мусиқии низомӣ таҳти унвони “Спасская башня” низ доир мешавад, ки дар он оркестри низомии созҳои нафасии комендатураи Тоҷикистон низ ширкат мекунад. Ҳунарпешагони тоҷик аз соати 12 то 1 рӯз дар Боғи пирӯзии пойтахти Русия консерт хоҳанд дод.
Ҷашнвораи “Спасская башня” дирӯз оғоз ёфта, то 9 сентябр давом хоҳад кард. Дар маросими анҷоми ҷашнвора, қарор аст, овозхони шӯҳратёри фаронсавӣ Мирей Матйе таронаи оламгири “Подмосковние вечера”-ро ба русиву фаронсавӣ иҷро кунад.
XS
SM
MD
LG