Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи парвандаи терроризм дар мавриди таркиши Хуҷанд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар қиболи таркиши субҳи ҷумъа дар Хуҷанд бо иттиҳомоте, чун терроризм, куштор ва истифода аз зӯр алайҳи намояндагони давлат парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Манбаъи хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, фарзияе ҳам вуҷуд дорад ва таҳқиқ мешавад, ки ҳамлагари маргталаб узви Ҳаракати исломии Узбакистон буд.
Субҳи 3 сентябр як мошини бомбгузоришудаи ГАЗ-24 босуръат вориди ҳавлии қароргоҳи РОБОП, шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноётҳои созмонёфтаи вилояти Суғд шуд. Бар асари инфиҷори ин мошин ҳамлагар ва 2 корманди милиса кушта шуда, 26 маъмури дигари милиса ва 2 нафари мулкӣ ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд.
XS
SM
MD
LG