Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари "Роснефт" иваз шуд


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев раҳбари “Роснефт”, бузургтарин ширкати нафтии кишварашро иваз кард. Сухангӯи Кремл Наталя Тимакова гуфт, Медведев рӯзи шанбе баъд аз мулоқот бо Эдуард Худайнатов, ки 2 сол ба ин сӯ муовини раиси “Роснефт” буд, ба ҳукумат ҷиҳати пешбарии ӯ ба мақоми нав дастур дод. Сарусадоҳо дар бораи эҳтимоли ба зудӣ аз мақом рафтани Сергей Богданчиков, ки аз соли 1998 раҳбарии “Роснефт”-ро бар ӯҳда дошт, чанд моҳ боз дар забонҳо буд.
“Роснефт” баъд аз тасарруфи конҳои нафти марбут ба ширкати “Юкос” дар пайи зиндонӣ шудани моликаш Михаил Ходорковский бузургтарин ширкати нафтии Русия шуд.
XS
SM
MD
LG