Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қундуз 5 пулис ва 1 мулкӣ кушта шудаанд


Пулиси Афғонистон мегӯяд, бомбгузории маргталабона дар шаҳри шимолии Қундуз 5 маъмури пулис ва як нафари мулкиро кушта ба ҷо гузошт. Абдулраззоқ Яъқубӣ, раҳбари пулиси вилояти Қундуз гуфт, ин ҳамла зӯҳри шанбе бо истифода аз мотосикл анҷом шуда, бар асари он 5 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Қаблан волии Қундуз Муҳаммадумар дар бораи ҳалокати дастикам 7 нафар ддар натиҷаи ин ҳамла хабар дода буд. Хабари дигар аз Афғонистон ҳокии ҳалокати 6 чирикӣ ва асир уфтодани як фармондеҳи онҳо дар вилояти низ шимолии Тахор аст.
XS
SM
MD
LG