Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ташкил шуд


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай рӯзи шанбе эълон кард, ки ба хотири таъқиби сулҳ бо Толибон як шӯро таъсис додааст. Дафтари Карзай ташкили Шӯрои олии сулҳро як гоми муҳим ба сӯи музокироти сулҳ унвон мекунад.
Аҳмадзиё Сиёмак, сухангӯи Карзай гуфт, ҳайъат ва салоҳиятҳои ин Шӯро дар пайи баҳси тӯлонии раҳбарони давлат бо чеҳраҳои ҷиҳодӣ ва бонуфуз мушаххас шуд.
Пешниҳоди Карзай барои таъсиси Шӯрои олии сулҳ моҳи июн дар Ҷиргаи сулҳ дар Кобул тасвиб шуд.
XS
SM
MD
LG