Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар оғози соли таҳсил зиёда аз 800 донишҷӯ барои нахустин бор ба остонаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ қадам ниҳоданд.Садорати донишгоҳ мегӯяд, ки аз шумули довталабони зиёд, бетаринҳо донишҷӯ шуданд. Вале устодони донишгоҳ аз сол ба сол коҳиш ёфтани сифати дониши дохилшавандаҳо ба донишгоҳ нигарон ҳастанд.

Номзади улуми филологи ва шоир Лаълҷуббаи Мирзоҳасан мегӯяд, ки вақте вай ба чеҳраи донишҷуёни нав менигарад ва бо онҳо ҳамсӯҳбат мешавад, эҳсос мекунанд, ки дар қиёс бо солҳои гузашта кулбори донишашон холитар аст.

Лаълҷубба гуфт, ки қаблан аксари донишҷуён метавонистанд озодона сӯҳбат кунанд, вале айни ҳол бештари дохилшудаҳо дар ифодаи фикр душвори мекашанд.

Ба фикри номзади улуми кимиё Абдулҳасейн Худоиев, таҷриба нишон дод, ки агар қаблан дохилшавандаҳои беҳтарин ба риштаи кимиё аз 50 саволи тести 45 тоашонро бехато кор мекарданд, ҳоло чунин афрод фақат ҳудуди 21 саволи тестиро дуруст кор мекунанд, ки ин ду маротиби поин рафтани савияи донишро нишон медиҳад.

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ…

Аммо устоди донишгоҳ Лолои Давлатбек ба савияи поини дониши довталабон, макотибро муқассир медонад. Вай гуфт, ки тайи чанд соли охири ширкат дар олимпиадаҳо вайро мутмаъин сохтааст, ки завқи бадеии хонандагони макотиб коҳиш ёфта, донишашон асосан гириди китобҳои дарсӣ мечархад.

Бардошти вай ин аст, ки дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тасаввуроти хонандагон, ҷойи мутолиаи китобҳои оммави-бадеъиро ҳар чи бештар оинаи нилгун ва дигар васоити дигари электронӣ мегиранд. Ба гуфтаи вай чунин муносибат ба китоб ба дарди дармоннашаванда табдил шуда, бештари донишҷуён мутолиаи адабиёти бадеиро сарборӣ мешуморанд .

Дорғабек Фозилов, устоди дигари донишгоҳ меафзояд, ки баррасии иншои довталабон ва ошкор сохтани хатоиҳои зиёд дар навиштаҳояшон ҳоки аз дониши сусти хатмкунандагони макотиб мебошад.

Вай гуфт, ки дар як маврид як довталаб ҳангоми навиштани иншо дар мавзӯи озод номи деҳа, ноҳия, волидайн ва раиси ҷумҳурро бо ҳарфҳои хурд ва баръакс бештари калимотро бо ҳуруфи калон навиштааст.

Довталаби дигар пас аз ҷумлаҳои по дар ҳавои яку ним саҳифаи иншо оид ба ба ҳаёт ва фаъолияти ба қавли худаш Ҳофизи Саъдӣ якбора босаводона ва бехато ба мавзуъ бармегардад ва маълум аст, ки китоби раҳнамои «Сад иншо»-ро шпаргалка кардааст.

Ба гуфтаи устодон, ҳамчунин иқтибоси байтҳои ғалати аз шуарро ҳодисаҳои маъмул дар иншои довталабон будааст. Лаълҷуббаи Мирзоҳасан мегӯяд, шояд довталабе ҳангоми навиштани иншо дар мазуъи «Сайёҳи ҳинд» ба изтироб афтодааст, ки мисраъи Саъдии Шерозиро дар қатори Турсунзода гузошта, эҷодкори кардааст:

"Дуст он бошад, ки гирад дасти дуст,
Дар хиёбони лаби баҳри кабуд"

Довталабон бо чунин абёти нав, ба мисли «Дунба чи кунад даруни шудгор, Ҳарчанд, ки Скандари замонӣ» хазинаи «дурдонаҳои халқиро» боз ҳам ғанитар гардондаанд.

Аммо масъулини идораи маорифи Бадахшон ба иддаоъи паст рафтани сатҳи таълим дар макотиб мухолиф буда мегӯянд, ки дастовардҳои солҳои охири хонандагони макотиби вилоят дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз беҳтар шудани сифати дониш гувоҳи медиҳанд.

Ва аммо донишгоҳ…

Вале Абдуласейн Худоиев бинобар беҳбуд ёфтани авзои амниятӢ ва шароити таҳсил дар макотиби олии ҷумҳурӣ ва кӯшиши афзояндаи хатмкунандагони беҳтарини макотиб барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва ҳатто хориҷи кишварро яке аз сабабҳои коҳиши сатҳи дониши довталабон мешуморад.

Вай гуфт, барои ин бархе аз довталабон бо дониши миёна ба остонаи донишгоҳ меоянд, ҳодисаҳое ҳам ҳастанд, ки афроде барои халоси ёфтан аз хизмат дар артиш ба донишгоҳ сар мехалонанд.

Аммо ба фикри садорати донишгоҳ натиҷаҳои баланди имтиҳоноти қабул аз дониши хуби довталабон гувоҳи медиҳанд ва боиси таассуф аст, ки онҳо наметавонанд кулли афроди лаёқатмандро ба таҳсил фаро бигиранд. Ба гуфтаи садри донишгоҳ Гулхоҷа Ҷангбеков, ба таври анъанавӣ танҳо довталабон ба риштаи кимиё ва физика дониши суст доранд, ки ба камбуди мутахассони ин фанҳо дар макотиб рабт дорад.

Вале ба гуфтаи Замира, як нафар донишҷӯи курси аввал, таассуроти рӯзҳои нахустини таҳсил дар донишгоҳ ӯро ба андешае водор карда, ки дар байни ҳамкурсонаш ашхоси тасодуфӣ низ вомехӯранд.

Вале Фарид донишҷӯи дигар аз ҳамасабақони нав ва донишу малааакшон ба ваҷд омадааст ва бовар дорад, ки бахт маҳз бар руйи беҳтаринҳо хандидааст.

Дар донишгоҳ барои ришватситони ҷой нест, аммо …?

Дар ҳамин ҳол бархе аз сокинон муътақиданд, ки дар қабули донишҷуён ба донишгоҳ, ришватситонӣ мавҷуд аст ва ҳаҷми пораро аз 1000 то 15000 доллари амрикои арзёбӣ мекунанд .

Аммо садорат мавҷудияти ришватситониро рад карда, онро овозаҳои беасоси кӯча меноманд ва мегӯяд, ки то ба ҳол нафаре ба иттиҳоми ришватситони боздошт нашудааст.

Аммо манбаъҳо дар садорат мегӯянд, ки шояд бархе аз устодон, ки ба имтиҳони қабул дахле ҳам надоранд, аммо бо довталаб ба мақсади тақвият додани донишашон кор мебаранд ва барои дохилшавиаш ваъда медиҳанд, пул мегиранд, аммо ин гуна ҳодисаҳо ошкор нашудаанд ва шикояте дар ин маврид ба садорат ва ё мақомот нарасидааст.

Дар сурати бо дониши худ муваффақ шудани довталаб, пул дар кисаи афроди корчаллон мемонад ва агар бахти довталб омад накунад, маблағ баргардонда мешавад. Садорат ин гуна шеваро на ришватситонӣ, балки намунаи қаллобӣ арзёбӣ мекунад, ки бештар ба аҳроми молиявӣ шабоҳат дорад ва бо сабаби зудбоварии волоидайн имконпазир мегардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG