Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як сарбози озарӣ дар марзи Қаробоғ


Нирӯҳои вилояти ҷудоихоҳи Қаробоғ мегӯянд, дар як даргирӣ дар хатти марз бо Озарбойҷон як сарбози озарӣ кушта шуд. Сомонаи артиши Қаробоғ масъулияти шурӯъи задухӯрдро ба озариҳо бор карда, мегӯяд, касе аз ҷониби арманӣ талаф нашудааст. Ду рӯз пеш Боку дар бораи ҳалокати 2 сарбози озарӣ ва 3 арманӣ дар як даргирии дигар дар ин марз хабар дода буд.
Вилояти умдатан арманинишини Қаробоғ, ки аз сӯи Арманистон ҳимоят мешавад, худро дар авоили солҳои 90 аз Боку мустақил эълон кард. Баъди 4 соли ҷанг дар ин минтақа оташбас эълон шуд, вале музокирот ба хотири таъйини мақоми ниҳоии Қаробоғ то ҳол натиҷа надодааст.
XS
SM
MD
LG