Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 нафар дар бомбгузории Қундуз


Таркиши бомб дар шаҳри Қундуз, дар шимоли Афғонистон дастикам 7 кушта ба ҷо гузошт. Хабаргузории олмонии DPA аз қавли волии вилояти Қундуз Муҳаммадумар навишт, ки дар байни кушташудагон ва шумори ҳанӯз дақиқношудаи маҷрӯҳон ҳам маъмурони пулис ва ҳам афроди мулкӣ будаанд. Толибон тайи моҳҳои охир дар Қундуз хеле фаъол шудаанд.
XS
SM
MD
LG