Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мавсими нави театрӣ дар Душанбе


Дар Тоҷикистон мавсими нави театрӣ оғоз ёфт. Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мавсими имсоларо, ки барояш ҷашнист ва 40-умин мавсими ин театр маҳсуб мешавад, рӯзи 2 сентябр бо намоишномаи “Чашмони бародари қиёматӣ”, маҳсули драматург Нур Табаров ва коргардон Мирзоватан Миров, шурӯъ кард. Аммо театри русии ба номи Маяковский рӯзи 4 сентябр бо намоишномаи “Рустам ва Сӯҳроб” дар таҳияи коргардон Султон Усмонов вориди мавсими нав мешавад.
Театри опера ва балети ба номи Айнӣ қаблан эълон кард, ки мавсими имсоларо бо операи “Рӯдакӣ” боз хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG