Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари боздошти 2 фирории дигар радд шуд


Мақомоти Тоҷикистон хабарҳои нашршуда дар бораи боздошти 2 тани дигар аз 25 маҳбуси фирориро радд карданд. Қаблан хабаргузории “Авасто” хабар дод, ки боз 2 маҳбуси фирорӣ шоми ҷумъа дар маҳаллаи “Шаҳраки тиббӣ”, ё худ “Медгородок”-и Душанбе дастгир шудаанд. Аммо Муҳаммадҷон Назриев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин хабар воқеъият надорад.
Як манбаъи “Авасто” ҳамчунин гуфта, ки ҳудуди 20 тан аз ин фирориён алакай ба ҳудуди Афғонистон гузаштаанд. Вале мақомот ин иддаоро низ тасдиқ намекунанд.
25 маҳбус, бо шумули 5 шаҳрванди Русия, 4 афғон, 2 табааи Узбакистон ва 14 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аксар дар иртикоби парвандаи ошӯбҳои Тавилдара маҳкум ба зиндон шудаанд, шаби 23 август дар пайи қатли 5 зиндонбон аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд. То кунун танҳо як тани онҳо- маҳбуси собиқи Гуантанамо Иброҳим Насриддинов боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG