Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7,4 миллион доллар кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ ба Хатлон


Бонки ҷаҳонӣ барои эҳёи шабакоти обёрӣ ва идораи захоири оби Тоҷикистон 7,4 миллион доллар кӯмаки билоиваз ҷудо мекунад. Хабаргузории “Авасто” навишт, ки ба ин қарордод вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар ин кишвар Кяра Бронкӣ имзо гузоштаанд. Ҳадаф аз ин кӯмак таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бозсохти шабакоти обёрӣ дар навоҳии Қубодиёну Шаҳритӯс, Қумсангиру Вахш ва Фархори вилояти Хатлон будааст.
XS
SM
MD
LG