Пайвандҳои дастрасӣ

Вувузела дар бозиҳои футболи Аврупо манъ шуд


УЕФА, Иттиҳодияи футболи Аврупо дар мусобиқоти футболи ин қора истифода бурдани вувузеларо манъ кард. Ин ҳуштакҳои махсуси пластикӣ дар мусобиқоти имсолаи Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Африқои ҷанубӣ маъруфият пайдо карданд.
УЕФА аммо мегӯяд, ки ин ҳуштакҳои баланду гӯшхарош ва монанд ба ғуввоси пайвастаи селаи занбӯр сари мухлисонро гиҷ ва таассурот аз худи бозиро кам мекунад.
XS
SM
MD
LG