Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониҳо дар Кветта ба 65 расид


Пулиси Покистон мегӯяд, шумори қурбониёни ҳамлаи маргталабонаи рӯзи ҷумъа дар Кветта ба 65 нафар расид. Раҳбарони шиъаҳо ба нишони эътироз ба ин ҳамла ба эътисоби саросарӣ даъват кардаанд. Ба ёди қурбониён як рӯзи мотам эълон шуда, мактабҳо ба ин далел бастаанд.
Масъулияти ин ҳамларо, ки дар пайи бомбгузории низ алайҳи шиъаҳо ва низ пурқурбонии рӯзи чоршанбе дар Лоҳур сурат гирифт, Толибон бар ӯҳда гирифта, гуфтаанд, чунин ҳамлаҳоро ба зудӣ дар Аврупову Амрико низ ба роҳ хоҳанд андохт. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ҳамлаи рӯзи ҷумъаро шадидан маҳкум кард. Кохи Сафед гуфт, дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ва бо обхезиҳои харобиовар дастбагиребон шудани Покистон сурат гирифтани ин ҳамалот мояи маҳкумиятҳои боз ҳам бештари чунин аъмол мешавад.
XS
SM
MD
LG