Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаҳон ҳамлаҳои Покистонро маҳкум мекунад


Ҷомиаи байналмилалӣ бомбгузориҳои пурқурбонии ҳафтаи равон дар Покистонро маҳкум мекунад. Охирин чунин як ҳамлаи хунини интиҳорӣ рӯзи ҷумъа алайҳи раҳпаймоии шиъаҳо дар шаҳри Кветта сурат гирифт ва дастикам 54 кушта ба ҷо гузошт.
Масъулиятро Толибон бар ӯҳда гирифта, гуфтаанд, чунин ҳамлаҳоро ба зудӣ дар Аврупову Амрико низ ба роҳ хоҳанд андохт. Рӯзи чоршанбе ҳамла алайҳи шиъаҳо дар Лоҳур низ мунҷар ба ҳалокати даҳҳо нафар шуд.
Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ҳамлаи рӯзи ҷумъаро шадидан маҳкум кард. Кохи Сафед гуфт, дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ва бо обхезиҳои харобиовар дастбагиребон шудани Покистон сурат гирифтани ин ҳамалот мояи маҳкумиятҳои боз ҳам бештари чунин аъмол мешавад.
XS
SM
MD
LG