Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Заминларзаи шадид дар Зеландияи нав


Мақомоти Зеландияи нав дар пайи заминларзаи шадиди 7,1-баллӣ, ки Кристчёрч, дуввумин шаҳри бузурги ин кишвари воқеъ дар Уқёнусияро таккон дод, вазъи изтирорӣ ҷорӣ карданд.
Заминларза роҳҳову биноҳо ва хутути интиқоли нирӯи барқро тахриб кард. Аммо бо вуҷуди чунин хисорот, то кунун дар бораи ҷароҳат бардоштани танҳо 2 нафар бар асари ин офати табиӣ гузориш шудааст. Зеландияи нав дар як минтақаи зилзилахез ҷойгир буда, заминларзаи рӯзи шанбе яке аз 10 шадидтарин зилзилаҳои сабтшуда дар ин кишвар маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG