Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 нафар дар сӯхторҳои ҷадид дар Русия


Бар асари сӯхтори ҷангалзорҳо дар ҷануби Русия 8 нафар ҷон бохта, 14 тани дигар ба бемористон бурда шудаанд. Мақомоти изтирорӣ мегӯянд, оташсӯзӣ дар вилояти Волгоград ҳудуди 500 манзилро ба коми худ кашидааст. Гармо ва хушксолии шадиди тобистони имсола дар Русия мунҷар ба ҳалокати беш аз 50 нафар ва бехонавудар мондани ҳазорон тани дигар шуд.
XS
SM
MD
LG