Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши Хуҷанд: 4 кушта ва 25 захмӣ


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бар асари таркиши ғолибан маргталабонаи субҳи ҷумъа дар қароргоҳи идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вилояти Суғд дар Хуҷанд 4 нафар, бо шумули ду ходими милиса ва ҳарду ҳамлагар, кушта ва 25 маъмури дигари милиса захмӣ шудаанд. Қаблан гуфта мешуд, ки Алиҷон Маёқубов, посбони дарвозаи РОБОП, ки мехост монеъи вуруди мошини бомбгузоришудаи ГАЗ-24 шавад, нопадид шудааст.
Муҳаммадҷон Назриев, намояндаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ гуфт, ҳуввияти ҳамлагарон ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Субҳи 3 сентябр як мошини бомбгузоришудаи ГАЗ-24 вориди қароргоҳи РОБОП дар шаҳри Хуҷанд шуд. Мақомот мегӯянд, ҳадафи ҳамла ғолибан раҳо кардани 5 гумонбари боздоштшуда дар иртикоби парвандаи қатли раиси собиқи бозори шаҳри Исфара Ҳомидҷон Каримов буд, ки ҷасадаш рӯзи 30 август кашф шуд. Ин афроди гумонбарро мақомот марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистон мешиносанд.
XS
SM
MD
LG