Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ҳомии ҳуқуқи башари узбак дар Новканд


Додгоҳи Азимҷон Аскаров, як ҳомии ҳуқуқи башари узбак дар ҷануби Қирғизистон, ки ба даст доштан дар қатли як афсари пулис, ташкили беназмиҳо ва таҳрики адовати қавмӣ айбдор мешавад, рӯзи душанбе, 6 сентябр аз сар гирифта хоҳад шуд. Ӯ рӯзи панҷшанбе дар оғози мурофиа дар додгоҳи зодгоҳаш – шаҳраки Новканди вилояти Ҷалолобод ин иттиҳомотро радд кардааст. Аскаров дар пайи даргириҳои хунини моҳи июн байни узбакҳову қирғизҳо дар Ӯшу Ҷалолобод, ки ҳудуди 400 кушта ба ҷо гузошт ва садҳо ҳазор нафари дигарро беҷо кард, дастгир карда шуд.
Созмони Human Rights Watch хостори муҳокимаи ошкор ва мунсифонаи парвандаи Азимҷон Аскаров шудааст.
XS
SM
MD
LG