Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содироти гази Озарбойҷон ба Русия бакарат хоҳад афзуд


Озарбойҷон содироти гази табиияш ба Русияро ду маротиба хоҳад афзуд. Чунин аст муҳимтарин нуқтаи қарордоди ҷадиде, ки рӯзи ҷумъа дар Боку байни ширкатҳои давлатии ду кишвар - SOCAR ва “Газпром” дар ҳузури руасои ҳарду ҷумҳурӣ Илҳом Алиев ва Дмитрий Медведев ба имзо расид.Алексей Миллер, раиси “Газпром” дар пайи имзои созишнома гуфт: “Мо бо ҳамкасбони озарии худ қарордоди нодире бастаем. Мо ҳамчун кишвари муштарӣ дар роҳи харидории газ аз Озарбойҷон ягон маҳдудият надорем.”
Тибқи ин созишнома, Озарбойҷон соли оянда содироти газаш ба Русияро ба 2 миллиард метри мукааб расонда, аз соли 2012 боз ҳам афзоиш хоҳад дод.
Медведев ва Алиев дар Боку ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратиро баррасӣ ва созишномаи таъйини марзиро имзо карданд. Медведев гуфт, дар ин мулоқот масъалаи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи Русия дар Арманистон низ баҳс шудааст. Озарбойҷон бо ин ҳамсояаш бар сари вилояти Қаробоғ баҳси қадим дорад, вале Медведев гуфт, ҳадафи онҳо танҳо таъмини субот буд, на “кадом домандозӣ ё бозиҳои пасипарда”.
XS
SM
MD
LG