Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз 40 қурбонии таркиши Рӯзи Қудс дар Кветта


Инфиҷори бомб дар айни роҳпаймоии шиъаҳо дар шаҳри Кветта, дар ҷанубуғарби Покистон беш аз 40 кушта ба ҷо гузошт. Бино ба хабарҳо, бомбгузори маргталаб худро вақте тарконд, ки ҳазорон мусалмони шиъа дар як раҳпаймоӣ аз Рӯзи Қудс таҷлил мекарданд. Рӯзи Қудс ҳар рӯзи ҷумъаи охири моҳи Рамазон ҳамчун Рӯзи якдилӣ бо фаластиниҳо ва алайҳи назорати Исроил бар Байтулмуқаддас таҷлил мешавад. Ду рӯз қабл бар асари як бомбгузории низ интиҳорӣ дар раҳпаймоии шиъаҳо дар шаҳри Лоҳур дар шарқи Покистон то 35 нафар кушта ва ҳудуди 300 тан маҷрӯҳ шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG