Пайвандҳои дастрасӣ

Даъватҳо ба раҳоии Шево Назароҳорӣ аз зиндони Эвин


Дар пешорӯи оғози додгоҳи Шево Назароҳорӣ, як фаъоли ҳуқуқи башари Эрон, маъракаи густардае бо талаби раҳоии ӯ аз зиндон идома дорад. Назароҳорӣ аз моҳи декабри соли гузашта бо иттиҳоми тавҳин ба Худо, ба ҳам задани амнияти низом ва таблиғоти зиддидавлатӣ дар зиндони Эвини Теҳрон қарор дорад ва мурофиаи парвандаи ӯ, қарор аст, рӯзи 4 сентябр шурӯъ шавад. Дар сурати собит шудани ин иттиҳомот Назароҳорӣ метавонад ҳатто маҳкум ба эъдом шавад.
Ба нишони ҳимоят аз Шево Назароҳорӣ дар Берлин як тазоҳуроти эътирозӣ барпо шуд.
Тайи рӯзҳои охир Human Rights Watch, Кунгураи мусалмонони Амрико ва Шӯрои миллии Эрону Амрико раҳоии ин узви фаъоли кумитаи гузоришгарони ҳуқуқи башарро тақозо кардаанд.
XS
SM
MD
LG