Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 2 ходими милиса дар Хуҷанд таъйид шуд


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бар асари таркиши ғолибан маргталабонаи субҳи ҷумъа дар қароргоҳи идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вилояти Суғд дар Хуҷанд як корманди милиса - лейтенанти калон Маҳкамов Айюбҷон кушта ва якеи дигар -старшина Маёқубов Алиҷон - нопадид шудааст. Муҳаммадҷон Назриев, намояндаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ҷасади Маёқубовро, ки посбони дарвоза буд ва мехост монеъи вуруди мошини бомбгузоришуда ба қароргоҳи РОБОП шавад, ҳанӯз пайдо накардаанд. Сухангӯи ВУДТ афзуд, теъдоди ҳамлагарони савори мошини бомбгузоришудаи ГАЗ-24 низ 2 нафар будааст.
Оқои Назриев қаблан гуфт, дар натиҷаи таркиш дастикам 25 ходими милиса ҷароҳат бардоштааст ва ҳадаф ғолибан раҳо кардани 5 гумонбари боздоштшуда дар иртикоби парвандаи қатли раиси собиқи бозори шаҳри Исфара Ҳомидҷон Каримов буд. Ҷасади Ҳомидҷон Каримов рӯзи 30 август кашф шуд.
XS
SM
MD
LG