Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари варзишгарони тоҷик ба Қазон


Абдуқодир Баротов, гурзандози тоҷик

Абдуқодир Баротов, гурзандози тоҷик

Варзишгарони тоҷик дар дуввумин Бозиҳои варзишии Авруосиёии наврасон, ки аз 4-ум то 11-уми сентябрдар шаҳри Қазони Русия баргузор мешаванд, ширкат хоҳанд кард.

Беш аз 1100 варзишгари навраси синни аз 13 то 17-сола аз шаш кишвари ширкаткунандаи Авруосиё – Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон дар пойтахти Тотористон аз рӯи 14 навъи варзиш вориди рақобат мешаванд.

Раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, ба радиои Озодӣ гуфт, барои ширкати варзишгарони ҷавони тоҷик дар ин бозиҳо, ки ба ҷашни 10-солагии таъсисёбии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бахшида шудааст, Ҳукумати Тоҷикистон 345 000 сомонӣ ихтисос додааст.

Ҷаноби Мирзоев афзуд, ба ҳайати варзишии кишвар ҳамагӣ 67 нафар шомиланд (49 варзишгар, 8 мураббӣ, 7довар ва 3 намояндаи расмӣ).

Варзишгарони тоҷик дар 7 ришта – бокс, варзиши сабук, волейбол (духтарон), гуштии юнониву румӣ, дзю-до, тенниси рӯи миз ва шиноварӣ ширкат меварзанд. Байни онҳо ду ширкаткунандаи нахустин Бозиҳои олимпии тобистонаи наврасон дар Сингапур – гурзандоз Абдуқодир Баротов ва даванда Даврон Атобоев ҳастанд.

Маросими кушоиши ботантанаи дуввумин Бозиҳои варзишии Авруосиёии наврасон 5-уми сентябр дар Қасри варзиши «Оқ Барс»-и шаҳри Қазон баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG