Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод гуфтугӯи сулҳи Ховари Миёнаро радд кард


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар Рӯзи Қудс, рӯзи якдилӣ бо фаластиниҳо дар Теҳрон музокироти сулҳи байни Исроилу фаластиниҳоро ҳамчун “тифли мурда” ва “маҳкум” радд кард. Аҳмадинажод дар баробари издиҳоме, ки “Марг ба Амрико, марг ба Исроил!” гӯён шиор мезаданд, мулоқоти мустақими сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос дар Вошингтон бо миёнҷигии раисиҷумҳури Амрико Барак Обамаро ба масхара кашид. Бо ин ҳол, раҳбарони исроиливу фаластинӣ дар пайи музокирот дар Вошингтон, ки нахустин гуфтугӯи мустақим дар тақрибан 2 соли охир буд, ҷиҳати як мулоқоти дигар дар таърихи 14 ва 15 сентябр тавофуқ карданд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар муроҷиат ба онҳо гуфт: “Шумо фурсате доред, ки ба ин низоъ ва даҳсолаҳои хусумат байни мардумони шумо якбора ва барои ҳамеша нуқтаи таммат бигузоред.”
Аммо Аҳмадинажод дар Теҳрон ҳамчунин гуфт, мардуми Ховари Миёна “қодир ба рӯфтани режими саҳюнистӣ аз саҳнаи ҷаҳон” ҳастанд. Ӯ зимнан ҳар навъ эҳтимоли ҳамлаи низомии Исроил ё Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эронро радд кард.
XS
SM
MD
LG