Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯз иди расмии САҲА эълон шуд


САҲА Наврӯзро дар қаламрави ин созмон иди байналмилалӣ эълон кард. Дабири кулли ин созмони иборат аз 57 кишвар Марк Перрен де Бришамбо бо тасвиби як қарори вижа Наврӯзро шомили феҳрасти идҳои САҲА кард ва аз ин ба баъд, 21 март барои кормандони котиботи ин созмон рӯзи истироҳат эълон мешавад. Дар моҳи феврал Маҷмаъи умумии СММ низ соли нави форсӣ - Наврӯзро иди байналмилалӣ эълон кард.
Соле пеш ЮНЕСКО, идораи илму фарҳанги СММ ҳам Наврӯзро шомили феҳрасти мероси ғайримоддии башарият кард, ки феълан 76 чунин намунаи мероси ғайримоддиро дар бар мегирад. Дар Эрону Афғонистон сари солро аз Наврӯз ҳисоб мекунанд, вале дар Тоҷикистон тақвими масеҳӣ истифода шуда, соли нав аз 1 январ оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG