Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Алиев бо Медведев дар Боку


Рӯзи ҷумъа дар Боку музокироти руасои ҷумҳуриҳои Озарбойҷону Русия оғоз ёфт. Интизор меравад, Илҳом Алиев ва Дмитрий Медведев масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ҳавзаи баҳри Хазар ва ҳам роҳҳои ҳалли низоъи байни Озарбойҷону Арманистон бар сари вилояти ҷудоихоҳи Қаробоғро баҳс кунанд. Қарор аст, ду раҳбар ба қарордоди таъйини марзи Озарбойҷону Русия ва шеваи истифода аз рӯди марзии Самур низ имзо кунанд. Дар ҳошияи ин сафар, имзои қарордод байни ширкати давлатии нафти Озарбойҷон ва “Газпром”-и Русия ҷиҳати афзоиши фурӯши гази табиии Озарбойҷон ба Русия низ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG