Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди вазири дифоъи Амрико аз Қандаҳор


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс рӯзи ҷумъа бо нирӯҳои амрикоие, ки дар вилояти Қандаҳори Афғонистон алайҳи Толибон меҷанганд, мулоқот кард. Сухангӯи Пентагон Ҷефф Моррелл гуфт, Гейтс мехост бо вазъи Қандаҳор ва талошҳои анҷомдодаи нирӯҳои Амрикову НАТО ҷиҳати аз пойгоҳҳояшон дар ин минтақа берун кардани чирикиҳо шиносоии бештар пайдо кунад. Тайи моҳҳои охир мизони талафоти ҷонии нирӯҳои НАТО, ба хусус Амрико, дар набардҳо бо Толибон афзудааст. Ба ҳисоби Франс Пресс, имсол дар Афғонистон 496 сарбози эътилофӣ, бо шумули 326 сарбози Амрико кушта шудаанд. Ҷамъи талафоти ҷонии нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон дар соли гузашта 521 буд.
Рӯзи панҷшанбе Роберт Гейтс дар Кобул бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ва фармондеҳи нирӯҳои Амрикову НАТО Девид Петреус мулоқот кард.
XS
SM
MD
LG