Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Т.Норматов: "Ҳамлаи Хуҷанд маргталабона буд"


Тоҳир Норматов, сардори ситоди вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки таркиши субҳи ҷумъа дар қароргоҳи идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вилояти Суғд дар Хуҷанд, ки дастикам 25 корманди милисаро захмӣ ба ҷо гузошт, ҳамлаи маргталабона буд. Мақомот гуфтаанд, ки аз ҷои ҳодиса пораҳои мошини ГАЗ-24 ва бозмондаҳои ҷасади ҳамлагари интиҳориро пайдо кардаанд.
Муҳаммадҷон Назриев, намояндаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ҳадафи ҳамла ғолибан раҳо кардани 5 гумонбари боздоштшуда дар иртикоби парвандаи қатли раиси собиқи бозори шаҳри Исфара Ҳомидҷон Каримов буд. САДО
Ба хотири таҳқиқи ҳамлаи Хуҷанд таҳти раҳбарии дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов куммиссиюни вижае ташкил ва ба Хуҷанд эъзом шудааст.
XS
SM
MD
LG