Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди корхонаҳо зиёд, аммо тавлидот кам шудааст


Тайи 7 моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 7 корхонаи нави тавлиди хишт ба кор андохта шуд. Ҷамъи корхонаҳои хишт дар Тоҷикистон, ки бахши аъзамашро тоҷирони маҳалливу чиноӣ таъсис додаанд, ба ин тартиб, ба 86 расид. Бо ин ҳол, имсол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 18 миллион дона хишт тавлид шудааст, ки назар ба ҷамъи тавлидоти соли гузашта се маротиба камтар аст. Тибқи барномаи рушди тавлидоти маводи сохтмонӣ, ҳаҷми солонаи тавлиди хишт дар Тоҷикистон дар соли 2015 бояд ба 800 миллион дона расонда шавад.
XS
SM
MD
LG