Пайвандҳои дастрасӣ

200% иҷро шудани нақшаи солонаи хусусигардонӣ


Имсол дар Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯш ва ба иҷора супурдани моликияти давлатӣ алакай 30 миллион сомонӣ, муодили беш аз 7 миллион доллар ба даст омадааст, ки назар ба нақшаи солона ду маротиба бештар аст. Як манбаъи хабаргузории “Авасто” дар кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амлоки давлатӣ гуфтааст, ки имсол аз ҷумла чопхонаи “Андеша” ва ширкати таъмини сӯзишвории фурудгоҳи Душанбе ба фурӯш рафтанд. Соли гузашта ин кумита аз ҳисоби хусусигардонӣ ва иҷораи корхонаҳои давлатӣ чизе бештар аз 18 миллион сомонӣ ба даст оварда буд.
XS
SM
MD
LG