Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти "пурсамар"-и сулҳи Ховари Миёна


Мулоқоти пушти дарҳои бастаи раҳбарони Исроилу Фаластин дар рӯзи аввали музокироти сулҳ дар Вошингтон беш аз ду соат давом кард. Ибтидо Бенямин Нетаняҳу ва Маҳмуд Аббос дар ҳузури Ҳилларӣ Клинтон ва сафири вижаи Борак Обама дар умури Ховари Миёна Ҷорҷ Митчел гуфтугӯ карданд.

Баъд аз мулоқоти сеҷониба, сарони Исроилу Фаластин ба дафтари кори алоҳида рафта, пушти дарҳои баста сари мизи музокирот нишастанд.

Музокироти “тулониву душвор ва аммо пурсамар”

Ҷорҷ Митчел баъд аз анҷоми музокирот ба хабарнигорон гуфт, ки Бенямин Нетаняҳу ва Маҳмуд Аббос дар мавриди идома додани музокироти сулҳи Ховари Миёна ба тавофуқ расиданд. Интизор меравад, гуфтушунид рӯзҳои 14 ва 15-уми сентябр дар яке аз кишварҳои Ховари Миёна идома ёбад.

Ҳанӯз маълум нест, ки гуфтушунид дар куҷо доир мешавад аммо ахиран раиси ҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак омодагии кишвараш барои мизбонии музокироти сулҳро эълон карда буд ва аз ин рӯ ба навиштаи хабаргузориҳо, эҳтимол меравад, ки музокироти навбатии Нетаняҳу ва Аббос дар фароғатгоҳи Шарм-ул-Шайх сурат бигирад.

Баъд аз ин, раҳбарони Исроилу Фаластин дар ду ҳафта як бор бо ҳам мулоқот хоҳанд кард. Ҷорҷ Митчел гуфт, ки дар даври аввали “тулониву душвор ва аммо пурсамар”-и гуфтушунид, раҳбарони Исроилу Фаластин изҳор намуданд, ки музокиротро “дар рӯҳияи иродаи нек ва дарки ҷиддӣ будани аҳдоф” идома хоҳанд дод.

Исроилу Фаластин ба гузашти “дарднок” омодаанд?

Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин, қабл аз шурӯъи нахустин гуфтушуниди мустақим бо ҷониби Исроил дар Вошингтон гуфт, ки “мо пойбандии худ ба ҳама ӯҳдадориҳоямон дар робита ба таъмини амният ва ҷилавгирӣ аз дасисаҳоро тайид мекунем ва аз ҳукумати Исроил мехоҳем, ки ӯҳдадориҳои худро иҷро намояд – ҳама гуна сохтмон дар маҳаллаҳои яҳудинишинро қатъ кунад, аз муҳосираи навори Ғаззаро комилан даст бардорад ва ба ҳама гуна дасисаҳо хотима гузорад".

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар навбати худ эълом дошт, ки “ҳамроҳ мо метавонем мардуми худро ба фардои таърихие бубарем, ки дар он ба айбмониҳои ҳамдигар ва низоъ хотима дода шудааст. Албатта, ин кори саҳл нест. Сулҳи воқеъӣ, сулҳи давомдор фақат бар асари гузаштҳои тарафайн ва дарднок аз ҳарду ҷониб ҳосил мешавад”.

Байтулмуқаддаси шарқӣ - пойтахти Фаластин хоҳад шуд?

Ва аммо маълум нест, ки ҳар ду ҷониб то куҷо ба гузаштҳои “дарднок” омодаанд ва аз ҷумла, Тел-Авив дар роҳи ташкили давлати мустақили Фаластин ва пойтахти ин давлат эълон шудани Байтулмуқаддаси шарқӣ монеъа эҷод хоҳад кард ё на? Зимнан, пойтахти Фаластин эълон шудани Байтулмуқаддаси шарқӣ аз ормонҳои фаластиниҳост.

Ва аммо қабл аз музокирот, Нетаняҳу эълом дошт, ки Байтулмуқаддас пойтахти давлати Исроил хоҳад буд. Аз сӯи дигар, маълум нест, ки ҳукумати Маҳмуд Аббос то куҷо тавони ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳо ба Исроилро дорад, зеро навори Ғазза зери итоати ӯ нест ва раҳбарони ҷунбиши “Ҳамас”, ки ин минтақаро таҳти назорат доранд, музокироти сулҳ дар Вошингтонро нодида гирифтаанд.

Ва ин дар ҳолест, ки ба навиштаи хабаргузориҳо, Маҳмуд Аббос ва Бенямин Нетаняҳу ҳамлаҳо ба мардуми осоиштаро маҳкум карданд ва ваъда доданд, ки ҳамроҳ барои таъмини амният дар минтақа талош мекунанд.

Гуфта мешавад, ин ишора ба як ҳамла ба як мошини яҳудиҳо дар Ҳиброн дар арафаи музокироти сулҳ буд, ки бар асари он чаҳор нафар, аз ҷумла, як зани ҳомила кушта шуданд. Масъулияти ҳамларо як гурӯҳи ҷангии мансуб ба “Ҳамос” бар дӯш гирифт.

Вошингтон ин ҳамларо чун талоши вуруди халал ба раванди музокирот арзёбӣ кард. Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс изҳор намуд, ин ҳамла нишон медиҳад, ки “душманони раванди сулҳ барои ноком сохтани музокирот ба чӣ амалҳое қодиранд”.

Музокироти раҳбарони Исроилу Фаластин рӯзи ҷумъа идома меёбад.
XS
SM
MD
LG