Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти сулҳи Ховари Миёна идома хоҳад кард


Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос дар мавриди идома додани музокироти сулҳи Ховари Миёна ба тавофуқ расиданд. Интизор меравад, ин музокирот, ки бо ибтикор ва миёнаҷигарии Иёлоти Муттаҳида дар Вошингтон шурӯъ шуд, рӯзҳои 14 ва 15 сентябр дар Ховари Миёна идома ёбад. Дар ин бора фиристодаи вижаи раисиҷумҳури ИМА дар Ховари Миёна Ҷорҷ Митчел хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар даври аввали “тулонӣ ва аммо пурсамар”-и гуфтушунидҳо раҳбарони Исроилу Фаластин изҳор намуданд, ки музокиротро “дар фазои иродаи нек ва дарки ҷиддӣ будани аҳдоф” идома хоҳанд дод.
Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Фаластин, қабл аз шурӯъи нахустин гуфтушуниди мустақим бо ҷониби Исроил дар Вошингтон гуфт, ки "мо пойбандии худ ба ҳама ӯҳдадориҳоямон дар робита ба амният ва ҷилавгирӣ аз дасисаҳоро тайид мекунем ва аз ҳукумати Исроил мехоҳем, ки ӯҳдарориҳои худро иҷро намояд – ҳама гуна сохтмон дар маҳаллаҳои яҳудинишинро қатъ кунад, аз муҳосираи навори Ғаззаро комилан даст кашад ва ба ҳама гуна дасисаҳо хотима гузорад".
Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар навбати худ эълом дошт, ки "ҳамроҳ мо метавонем мардуми худро ба фардои таърихие бубарем, ки дар он ба айбмониҳои ҳамдигар ва низоъ хотима дода шудааст. Албатта, ин кори саҳл нест. Сулҳи воқеъӣ, сулҳи давомдор фақат бар асари гузаштҳои тарафайн ва дарднок аз ҳарду ҷониб ҳосил мешавад".
Маҳмуд Аббос ва Бенямин Нетаняҳу ҳамлаҳо ба мардуми осоиштаро маҳкум карданд ва ваъда доданд, ки ҳамроҳ барои таъмини амният дар минтақа талош мекунанд.
XS
SM
MD
LG