Пайвандҳои дастрасӣ

Гейтс: Баъд аз хуруҷ ҳам набард бо толибон идома меёбад


Роберт Гейтс, вазири дифоъи ИМА, шоми панҷшанбе дар Кобул изҳор намуд, ки низомиёни амрикоӣ мубориза бо ҷангиёни ҷунбиши “Толибон”-ро баъд аз шурӯъи хуруҷ дар тобистони соли оянда ҳам идома хоҳанд дод. Соли равон Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, барои тақвияти мубориза бо толибон 30 ҳазор афсару сарбози иловагиро ба Афғонистон фиристод. Ҳамзамон, Обама тасмим гирифт, ки аз тобистони соли 2011 хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон шурӯъ шавад.
Айни ҳол дар Афғонистон 150 ҳазор низомиёни Эътилофи байнулмилалӣ мустақаранд.
XS
SM
MD
LG