Пайвандҳои дастрасӣ

Қарзи оҷили Сандуқи байнулмилалии пул ба Покистон


Сандуқи байнулмилали пул ба Покистон ба маблағи 450 миллион доллар қарзи оҷил медиҳад. Ин маблағ барои рафъи паёмадҳои обхезии мудҳиш, ки тақрибан панҷяки қаламрави Покистонро фаро гирифтааст, сарф хоҳад шуд. Дар ин бора раиси Сандуқи байнулмилали пул Доминик Стросс-Кан баъд аз мулоқот бо вазири молияи Покистон Ҳафиз Шайх дар Вошингтон хабар дод.
Аз ин пеш Бонки Ҷаҳонӣ эълом дошт, ҳаҷми кӯмакашро ба аҳолие, ки аз обхезиҳои мудҳиши Покистон осеб дидаанд, боз 100 миллион доллар афзоиш дода, ба 1 миллиард доллар мерасонад. СММ ва кишварҳои гуногун ҳам ба хотири кӯмаки оҷил ба мардуми аз обхезӣ осебдидаи Покистон садҳо миллион доллар тахсис доданд.
Ба иттилоъи расмӣ, аз ин офати табиӣ тақрибан 20 миллион сокинони Покистон зарар дидаанд. Обхезӣ мунҷар ба ҳалокати беш аз 1700 нафар шудааст.
XS
SM
MD
LG