Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарабхонаи Сангак Сафаров соҳиб пайдо кард


Сангак Сафаров дар ин тарабхона кор мекард
Сангак Сафаров дар ин тарабхона кор мекард

Тарабхонаи маъруфи «Лаззат», ки солҳои тӯлони бо исми Сангак Сафаров, раҳбари Фронти халқӣ, алоқамандӣ дошт, пас аз муддати тӯлонии бесоҳибӣ соҳиб пайдо кард.

Ин тарабхона таи 15 соли ахир тақрибан ҳеҷ фаъолият надошт ва ба гуфтаи масъулин пас аз ҳабси Хол Сафаров, бародари Сангак Сафаров ин тарабхона комилан бесоҳиб монда буд. Ҳамакнун Диловари Сафаралӣ, фарзанди Хол Сафаров, ки худро набераи Сангак Сафаров медонад, мегӯяд, ҳамакнун ӯ пас аз гирифтани шиноснома ва навиштани ариза ба мақомоти лозима ҳуқуқи соҳибмулкии ин тарабхонаро пайдо кардааст.

«Дигар нушокиҳои спиртӣ намефурӯшем»

Диловар, ки ҳамагӣ 19 сол дорад мегӯяд, дар гузашта дар ин макон маводи спиртӣ савдо мешуд, вале ӯ самти фаъолиятро комилан дигар намуда, иҷозаи фӯрӯши чунин маводро нахоҳад дод.

Диловар, набераи Сангак Сафаров, мегӯяд, нушокиҳои спиртиро дар тарабхона манъ кардааст
Ӯ афзуд: «Он давра дигар буд. Русҳои ғайримусалмон зиёд буданд. Ҳоло ин ҷо як шаҳри мусулмонист, ки ҳама медонад, ки фурӯхтану нӯшидани арақ гуноҳ аст. Ин ҷоро мо ба якчанд кас иҷора додем, ки онҳо маркази фурӯши компютер кардаанд ва худ низ дар ин ҷо таҷҳизоти мошин мефурӯшем. Дуюм ошёнааш, ки дар гузашта макони фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ буд, мағозаи фурӯши хӯрокворӣ мекунем».

Ҳӯшдори шаҳрдорӣ: Бобои Сангакро шинохта намешавад


Моҳе қабл Ҳамид Абдуллоев, шаҳрдорӣ Кӯлоб бо ишора ба бинои нимвайронаи тарабхонаи «Лаззат» гуфт, намехоҳад дар маркази шаҳр чунин як бинои хароб вуҷуд дошта бошад. Ӯ гуфт, агар дар муддати кӯтоҳ соҳибмулке ба ин бино аз наздикони Сангак Сафаров пайдо нашавад, эҳтимол ӯро ба як нафари дигар барои обод кардан ва ба кор даровардан ба фурӯш гузоранд.

Ӯ гуфт: «Дару тирезаи ин бино шикастааст. Касе он ҷоро нигоҳубин намекунад. Як дарахт дар ҳамон ҷо буд, хушк шудааст. Ҳайкали Бобои Сангакро аз чангу хок шинохта намешавад. Ин тарабхонаи беҳтарин буд. Ҳоло соҳибмулкаш Хол дар ҳабс аст ва дигар кассе онро соҳиб намешавад. Мо як бори дигар мебинем, агар ягон касс пайдо нашавад аз он авлод, инро шояд фурӯшем».

Ба хотири арвоҳи Сангак


Дақиқан пас ин ҳарфҳои шаҳрдорӣ Диловар, ягона намояндаи болиғ аз наздикони Сангак Сафаров даъвои соҳиб шудани ин маконро гаштааст. Ӯ мегӯяд, ба хотири арвоҳи бобояш ва то аз маҳбас раҳо шудани падар ва дигар наздиконаш ин маконро обод хоҳад кард.

Вай афзуд: «Ҳайкали бобоямро рангу бор кардам ва ҳоло ин ҳайкал хеле нав шудааст. Саҳни биноро низ обод кардам ва дуюм ошёнаро низ то андозаи зуррас тирезаҳояшро нав кардам. Иншоолоҳ ба хотири хушнудии арвоҳи бобоям номи ин маконро чун пештар маъруф мекунам, аммо на чу тарабхона».

«Лаззат» макони тафреҳи бехатар

Тарабхонаи «Лаззат» маъруфтарин тарабхона дар замони шӯравӣ дар минтақа маҳсуб меёфт. Камол Раҳимов, сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, он замон муштзӯри дар тамоми тарабхонаҳои шаҳр ривоҷ ёфта буд ва маҳбубияти ин тарабхона дар он буд, ки Сангак Сафаров ба касе иҷозаи муштзурӣ дар ин маконро намедод ва ҳамеша амнияти муштариёнашро, ки аслан рустаборон буданд, таъмин месохт.

Ӯ мегӯяд: «Охирҳои солҳои 70 ва солҳои 80-умро ҳама ёд дорад, ки муштзурӣ хеле зиёд буд. Аслан, сокинони маҳаллӣ он солҳо бо русҳо дар тарабхонаҳои дигари шаҳр муштзурӣ мекарданд, вале касе дар «Лаззат» аз тарси Сангак чунин намекард. Ба ин хотир чун дар ин макон ҷангу хархаша намешуд, ҳама дигар ба он ҷо мерафатанд ва хизматрасонӣ ҳам хуб буд».

Пас аз марги Сангак

Сангак Сафаров, аз машҳуртарин қумондони фронти мардумӣ буд, ки дар соли 1993 бар тибқи фарзияҳои расмӣ дар як муноқиша аз ҷониби қумондони дигари ин ҷабҳа, Файзалӣ Саидов кушта шуд.

Сангак Сафаров, ду писар ва чанд духтар дошт, ки як писараш пас аз марги падар даст ба худкӯшӣ зада, дувумӣ дар соли 2008 ҳамроҳи гурӯҳи Сӯҳроб Лангариев боздошт ва равонаи зиндон гашт. Бародарзодааш Хол Сафаров низ чанд сол қабл ба муддати 13 сол равонаи зиндон гардида буд.

Тарабхонаи «Лаззат» аз маъруфтарин макони тафреҳӣ дар минтақаи Кӯлоб дониста мешуд, ки Сангак Сафаров солҳои тӯлони дар он ҷо фаъолият кардааст.
XS
SM
MD
LG