Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Эрон шабакаи телевизионии худро таъсис доданд


Ҷунбиши сабзи мухолифони Эрон аз таъсиси шабакаи телевизиони моҳвораии хеш бо номи РАСА ТиВи ё Расонаи сабзи Эрон хабар дод. Яке аз муассисони шабака Иброҳими Набавӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳадаф доранд, монополияи давлатро ба иттилоъ бишакананд, зидди сонсур мубориза баранд, дидгоҳҳои мухталифи мавҷуд дар ҷомеаи муосири Эронро бозтоб диҳанд ва масъалаҳои марбут ба кишвари худро ошкору озодона матраҳ кунанд. Вай гуфт, сонсур ва диктатура сабаби тавлиди ин шабакаи озод шудаанд.
XS
SM
MD
LG