Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши аксҳои аксбардори тоҷик дар Маскав


Дар Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари Маскав зери унвони "Кишвари ман Тоҷикистон" намоиши аксҳои аккоси тоҷик Шӯҳрат Ёров ифтитоҳ ёфт, ки аз сад асари ин ҳунарманд иборат аст. Раиси донишгоҳ ва сафири пешини Русия дар Тоҷикистон, Рамазон Абдулатифов, дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ гуфт, барои маскавиҳо тоҷикон набояд танҳо муҳоҷирони корие бошанд, ки дар кӯчаву хиёбон дида мешаванд. Вай ба саҳми тоҷикон дар илму фарҳанг ва ҳунару адаби ҷаҳон баҳои баланд дода, аз осори Рӯдакӣ, Абӯалӣ Сино, Хайём ва дигар нобиғагон ёд кард. Намоиши аксҳо бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари Маскав таъсис ёфта, дар онҳо расму оин ва ҳаёти имрӯзаи тоҷикон инъикос ёфтааст.
XS
SM
MD
LG