Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

500-сомонӣ - қосиди рушд ё инфлятсия?


Қарор аст, сар аз 10-уми сентябри соли ҷорӣ пулҳои коғазии 200 ва 500-сомонӣ ба муомилот бароварда шавад. Ба гуфтаи дафтари матбуотии раёсати ҷумҳур, чопи пулҳои калон ба далели афзоиши муомилоти бозори мол сурат мегирад.

Ба гуфтаи Бонки миллӣ, ҳаҷми пардохтҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 56,4 миллиард сомонӣ бештар шудааст. Ба ин далел бозори муомилоти молӣ ба пулҳои калон ниёз дорад.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллӣ, зарурати ба муомилот ворид кардани 200 ва 500-сомониро чунин тавзеҳ дод: "Ба мақсади ташкили самараноки муомилоти пулӣ ва молӣ ва кам кардани хароҷоти чоп, ҳамлунақл ва коркарди пул Бонки миллӣ банкнотҳои 3, 200 ва 500-сомониро чоп ва барои ба муомилот партофтан омода кардааст".

Пули 500-сомонӣ ва моҳонаи 80-сомонӣ

Бо вуҷуди ин бархе аз коршиносон барои ба муомилот баровардани пулҳои калон заруре намебинанд, ба ин далел ки ҳаҷми сабади истеъмолӣ ва ҳуқуқи моҳонаи мардум хеле поин аст.

Коршинос Масъуд Собиров мегӯяд, зарурат ба чопи пулҳои калон дар Тоҷикистон нест
Бино ба иттилои Оҷонси омори назди президенти Тоҷикистон, ҳаҷми сабади истеъмолӣ барои як сар хуранда дар шаш моҳи соли ҷорӣ 100 сомониро ташкил додааст ва вале дар асл, ба гуфтаи ҳамин манбаъ, агар нормаи ғизоро ба инобат гирем, масраф ду баробар зиёд аст. Дар ҳоле ки ҳаҷми ҳуқуқи миёнаи моҳона 380 сомонӣ аст.

Ба гуфтаи Масъуд Собиров, устоди Донишгоҳи иқтисодӣ, дар ҳоле ки моҳонаи мардум аз 80 сомонӣ шурӯъ мешавад, ниёз ба пулҳои калон нест. Вай афзуд, «зарурат ба ин пулҳо нест, дар ҳоле ки таваррум зиёд нест ва ин иқдом на ба ибтикори Бонки миллӣ, балки бо дастури Сандуқи байнулмилалии пул сурат гирифтааст. Ба ин васила Сандуқи байнулмилалии пул мехоҳад, вуҷуди таваррум дар ҷумҳуриро нишон диҳад».

Сомонӣ беқурб мешавад?

Бино ба таҷрибаи ҷаҳонӣ, давлатҳои дар сурати гиперинфлятсия ва ё беқурбшавии пули миллӣ пулҳои коғазии калонро ба муомилот мебароранд. Баҳром Шарифов, коршиноси умури бонкӣ, робитаи чопи пули калон ба инфлятсия ё таваррумро рад накард: «Соли гузашта қурби сомонӣ нисбат ба доллар яку якбора 25 фоиз паст шуд ва ба ин далел ин ҳам яке аз сабабҳо метавонад бошад».

Аммо Баҳром Шарифов сабаби аслии чопу ба муомилот баровардани пулҳои калонро таварруми сомонӣ намедонад, балки ба гуфтаи вай, далели аслӣ тамом шудани додуситадҳо бо пули нақд дар Тоҷикистон аст. Ҷаноби Шарифов ду омили зарурати чопи пули калонро чунин тавзеҳ дод: «Бо дар назар гирифтани он, ки қариб 60-70 фоизи муомилот дар Тоҷикистон бо пули нақд анҷом мешавад, чопи пули калон ба манфиати кор аст ва хароҷоти гардиши пул барои бонкҳо ва муштариёнро кам мекунад. Дуюм масрафи бонкҳо барои коркарди пулро коҳиш дода, интиқоли онро сода месозад ва аз сӯи дигар нигоҳ доштани пули калон барои мардум ва тоҷирон содатар аст аз он, ки барои хариди як яхдон ё чизи дигар бо як даста пул вориди мағоза шаванд».

Аммо Рӯстам Ҷабборов, иқтисоддони тоҷик, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Азия плюс гуфтааст, ки чопу ба муомилот партофтани пули калон аз таварруми сомонӣ ва тавсеаи бозори сиёҳ дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Ба эътиқоди вай, ба муомилот баровардани пули калон маънои ба муомилот баровардани пули зиёди нақд аст. Талабот ба пули нақд дар замоне зарур аст, ки шиддати таваррум болост ва бозори сиёҳ тавсеа ёфтааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Ҷабборов, дар ҳоли ҳозир сиккаи 10-дирама қурби худро аз даст додааст, зеро бо 10 дирам чизе наметавон харид ва ин худ нишонаи таваррум аст.
XS
SM
MD
LG