Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Афғонистон мегӯяд, бо тӯҳмат ба истеъфо рафтааст


Сафири Афғонистон дар Иёлоти Муттаҳида, Саид Ҷавод мегӯяд, аз Кобул дастури истеъфо гирифтааст ва пас аз ҳафт соли кораш дар ин мақом рӯзи 22-юми сентябр вазифаро тарк мекунад. Вай ин хабарҳоро рад кард, ки гӯё маҷбур шудааст дар робита бо аксҳои зиёфате дар сафорат бо ҳузури занони дорои пироҳани остинкӯтоҳ ва истеъмоли машрубот дар моҳи Рамазон ба истеъфо равад. Дар мусоҳиба бо телевизиони СNN, Ҷавод ин хабарҳоро рад кард ва гуфт, дар Афғонистон ба муқобили ӯ як "маъракаи тӯҳмат" сар шудааст. Дар изҳороташ дар торнамои сафорат Ҷавод 7 соли кори худро давраи таҳкими равобити Амрикову Афғонистон ва таҷрибаи олӣ ва пурифтихори хеш унвон кардааст.
XS
SM
MD
LG