Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Гейтс аз Ироқ ба Афғонистон сафар кард


Вазири дифои Иёлоти Муттаҳида, Роберт Гейтс, вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуд, то бо фармондеҳи нерӯҳои НАТО, генерал Дейвид Петреус ва президенти Афғонистон Ҳомид Карзай дидору гуфтушунид кунад. Ҳамчунин интизор меравад, ки раҳбари Пентагон аз вазъи сарбозон низ дидан намояд. Гейтс аз Ироқ, пас аз ширкат дар расми поёни ширкати нерӯҳои амрикоӣ дар амалиёти ҷангӣ ба Афғонистон сафар кард. Сафари Гейтс дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Афғонистон аз ҳалокат даҳ мубаллиғи интихоботӣ дар як зарбаи ҳавоӣ дар вилояти Тахор шикоят кардаанд. Нерӯҳои НАТО гуфтаанд, ки воқеаро таҳқиқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG