Пайвандҳои дастрасӣ

Барканории сардори шӯъбаи умури дохилии шаҳри Норак


Бо фармони вазири умури дохилии Тоҷикистон сардори шӯъбаи умури дохилии шаҳри Норак, Анвар Тошев аз вазифаш барканор карда шуд. Манбае дар ин вазорат ба хабаргузории "Авеста" гуфтааст, истеъфои Тошев ба рӯйдодҳои моҳи август дар шаҳри Норак бастагӣ дорад. Дар нимаҳои моҳи август дар ин ҷо сокинони маҳаллӣ дар назди бинои додгоҳи шаҳр бар зидди ҳукми зиндони панҷ навҷавон, ки ба мӯҳлатҳои панҷуним то 6 сол аз озодӣ маҳрум гаштаанд, тазоҳурот барпо карданд. Онҳо ба ғорати чанд фурӯшгоҳи шаҳр айбдор шуданд. Баъд аз эълони ҳукм ва ба берун баровардани маҳкумон издиҳоми мардум, ки ин ҳукмро номуносиб медонист, бинои додгоҳ ва мошинҳои назди онро сангборон кард.
XS
SM
MD
LG