Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯҳои сулҳи Ховари Миёна дар Вошингтон


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед, Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин ва Бенямин Нетаняҳу нахуствазири Исроилро ба хузур пазируфт. Аббос ва Нетаняҳу ба хотири аз сар гирифтани гуфтушунидҳои сулҳи Ховари Миёна бо даъвати Обама вориди Вошингтон шуданд.

Барак Обама бо ҳар яки онҳо мулоқоти ҷудогона баргузор кард. Ӯ дар нишасти матбуотии муштарак бо нахуствазири Исроил гуфт, ки бо Нетаняҳу роҳҳои истиқрори сулҳи минтақаро мавриди баҳс қарор додаанд. Обама қатли чаҳор яҳудӣ дар каронаи ғарбии рӯди Урдун аз сӯи мусаллахони ҷумбиши Ҳамосро маҳкум намуда гуфт:

“Ба Ҳамос ва дигарон, ки ин ҷинояти зиштро содир кардаанд, бояд паёми возеҳ дода шавад, ки ин ҷиноят алоқамандии моро на факат барои таъмини амнияти Исроил, балки барои тазмини истиқрори сулҳи дарозмудат коҳиш нахоҳад дод.”

Дирӯз Обама инчунин бо шоҳи Урдун Абдулло ва президенти Миср Ҳуснӣ Муборак дидору гуфтугӯ кард.

Азсаргирии музокироти сулҳи Ховари Миёна

Ин нахустин музокироти мустақими исроилиҳо ва фаластиниҳо дар тӯли тақрибан ду соли охир аст. Ба назар мерасад, ки ҳадаф аз анҷоми ҳамлаи рӯзи сешанбе, кӯшиши ворид кардани халал ба оғози гуфтушунидҳо дар Вошингтон аст. Бригадаи “Ал- Қассом” - қаноти мусаллаҳи ҷумбиши Ҳамос масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт. Самӣ Абу Зуҳрӣ, сухангӯи Ҳамос гуфт, ки ҳамла вокуниш ба ишғоли сарзамини фаластиниҳо аз ҷониби Исроил аст.

“Амалиёти қаҳрамононаи “Ал Қассом” дар Ҳиброн вокуниши табии ба ҷиноятҳо марбут ба ишғол ва идомаи силсила амалиёти қаҳрамононаи муқовимат ба ин ҷиноёт аст. Ин амалиёт ба музокиротҳо миёни ишғолгарони исроилӣ ва Фатҳ ягон иртибот надорад”.


Дар ҳоле, ки мақомоти амниятии фаластинӣ дар робита ба ҳамла даҳҳо нафарро боздошт кардаанд, нерӯҳои Исроил як қисми каронаи Ғарбиро иҳота намуданд. Умар Абдул Розиқ, вакили парлумон аз ҷумбиши Ҳамос хабар дод, ки дар каронаи Ғарбии рӯди Урдун беш аз 150 узви ин ҷумбиш боздошт шудаанд.

Бенямин Нетаняху, нахуствазири Исроил изхор намуд, ин ҳодиса гувоҳи медиҳад, ки дар гуфтушунидҳо дар Вошингтон Исроил наметавонад аз мавқеяш ақибнишинӣ кунад.

“Мо иҷозат намедиҳем ки хуни исроилиҳо беҷазо рехта шавад. Мо қотилонро пайдо мекунем. Мо тарҳрезони ин ҳамларо ҷазо хоҳем дод. Мо иҷозат намедиҳем терористон тасмим бигиранд ки исроилиҳо дар куҷо зиндагӣ кунанд ё ин, ки онхо марзҳои моро мушаххас намоянд. Ин ва дигар мавзӯьҳо зимни музокироти сулҳ, ки мо баргузор мекунем мушаххас хоҳад шуд. Дар ин музокирот ман ниёзҳои амниятиро возеҳ баён хоҳам кард, ки ба чунин навъи террор хотима диҳанд.”

Фаластин қазияи меҳварии Ховари Миёна

Кохи Сафед тарафайнро ба идомаи талошҳо барои расидан ба сулҳи бардавом даъват намуд.

Мақомоти Русия ҳамларо маҳкум карда онро кӯшиши халалдор кардани азсаргирии музокироти сулҳ номиданд. Маскав Исроилу Фаластинро ба хештандорй даъват намуд.

Маҳмуд Аббос раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин низ ин ҳамларо маҳкум кард.

Аммо ихтилофҳои ду ҷониб ҳамоно ҳалношуда боқй мемонад. Мавзӯъҳои баҳсбарангез, ин марзҳои ояндаи давлати Фаластин, мақоми сиёсии Байтулмуқаддас ва бозгашти муҳоҷирони фаластинӣ мебошад.

Дирӯз Нетаняҳу дар изҳороте гуфт, ки Байтулмуқаддас бояд пойтахти ҷудонашавандаи Исроил боқӣ монад.

Фаластиниҳо ба музокироти мустақим бо Исроил розӣ набуданд ва баргузории онро бо қатьи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин марбут мекарданд.

Мораторияи 10 моҳаи бунёди ин шаҳракҳо дар каронаи Бохтарии рӯди Урдун рӯзи 26 сентябр ба итмом мерасад ва Исроил гуфтааст, ки онро тамдид нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG