Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши ташаннуҷ миёни Арманистон ва Озарбойҷон


Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, имрӯз сафари расмии худро ба Озарбойҷон дар ҳоле сар мекунад, ки шиддат дар байни ин кишвар ва Арманистон дар бобати қаламрави Қарабоғи Кӯҳӣ ба авҷи худ мерасад. Сафари президенти Русия ба дунболи хабари даргириҳои марговар миёни нерӯҳои Озарбойҷон ва арманитаборони Қарабоғба вуқӯъ мепайвандад. Ду тараф дар бораи талафот иттилооти хилофи ҳам медиҳанд. Вазорати дифои Озарбойҷон мегӯяд, се арманӣ ва ду сарбози озар кушта шудаанд. Вале мақомоти армании Қарабоғ мегӯянд, чаҳор сарбози озарбойҷонӣ кушта ва як арманӣ захмӣ шудааст. Арманистон ва Озарбойҷон шаш сол барои ин қаламрав бо ҳам ҷангиданд ва баъд аз оташбас дар соли 1994 низ мушкили мақоми Қарабоғи Кӯҳӣ ҳалношуда боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG