Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 2 афсари Русия дар Қафқози Шимолӣ


Мақомоти Русия мегӯянд, дар ду воқеа дар Қафқози Шимолӣ ду афсари нерӯҳои интизомии Русия кушта шудаанд. Яке аз онҳо, афсари Хадамоти федероли амнияти Русия ё ФСБ, бар асари таркиши мошинаш дар Махачқалъа, пойтахти Доғистон ба ҳалокат расид. Дар Ингушетия ҳамлаварон ба хонаи афсари полис даромада, дар тирандозие ӯро куштанд ва ҳамсарашро захмӣ карданд.
XS
SM
MD
LG