Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастовардҳои варзишгарони ҷавони тоҷик


Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи бозгашти ҳайати варзишии Тоҷикистон аз нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур, дастовардҳои варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии таэквон-до ва омодагии варзишгарони тоҷик ба дуввумин Бозиҳои варзишии Авруосиёии наврасон нақл мекунем.

Сипас сӯҳбате дорем бо Сабина Тағойназарова, қаҳрамони ҷаҳон байни духтарон дар риштаи таэквон-до. Сабина дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до ITF байни наврасон дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск дар рақобатҳо дар вазни то 46 килограмм ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Инчунин дар ин барнома ба мухлисони футбол дар бораи натоиҷи бозиҳои даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон иттилоъ медиҳем.

Вале пеш аз ин мавзӯъҳо ба шунавандагон хабарҳои тозаи варзишӣ пешкаш мешаванд:

Чаҳор варзишгар Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии озод, ки аз 5-ум то 13-уми сентябр дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд. Инҳо Виталий Корякин дар вазни то 60 кило, Ғуломҷон Шарипов дар вазни то 66 кило, Азамат Сӯфиев дар вазни то 74 кило ва Фарҳод Анақулов дар вазни то 96 кило мебошанд.

Ҳамзамон дар шаҳри Маскав мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ доир мешавад, ки дар ин мусобиқа се паҳлавони тоҷик – Баҳрулло Муродов дар вазни то 55 кило, Далер Каримов дар вазни то 74 кило ва Мурод Тӯйчиев дар вазни то 120 кило ширкат меварзанд.

Мавзуна Чориева
Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки 7-уми сентябр дар кишвари Барбадос шурӯъ мешавад, ширкат хоҳад кард. Мавзунаи 17-сола, ки имсол ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта буд, мақсад дорад, дар сабқати ҷаҳонӣ пирӯз шавад. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 60 килограмм қувваозмоӣ хоҳад кард. Мавзуна дар ҳамин ҳол дар кишвари Барбадос, ки дар соҳили баҳри Кариб ҷойгир шудааст, тамрин карда, ба сабқати ҷаҳонӣ омодагӣ мебинад.

Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи ҷаҳонӣ 6-уми сентябр ба Ҷопон сафар хоҳад кард. Ба иттилоъи Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, сабқати ҷаҳонӣ дар шаҳри Токио аз 9-ум то 14-уми сентябр доир хоҳад шуд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 9 варзишгар шомиланд, ки Расул Боқиев, барандаи медалҳои биринҷии Олимпиадаи Пекин ва сабқати ҷаҳонӣ, аз ҷумлаи онҳост. Сабқати ҷаҳонӣ, инчунин, сабқати интихобии олимпӣ маҳсуб мешавад.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG