Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ба имзо расонд. Истеъфои Абдураҳимов 10 рӯз пас аз фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи кумитаи амният рӯзи 23-юми август ба вуқӯъ пайваст. Фирориён ҳангоми гурехтан аз маҳбас 5 посбонро ба ҳалокат расонданд. Аксари онҳо дар терроризм ва талошҳои сарнагун кардани ҳукумат айбдор шуда, бархе аз онҳоро ду рӯз пеш аз фирорашон Додгоҳи олиии Тоҷикистон ба мӯҳлатҳои тӯлонии аз 25 то 30 сол аз озодӣ маҳрум кард. Абдураҳимов аз соли 1999 раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд. Ба ҷои ӯ Саймумин Ятимов таъин шуд, ки то кунун муовини раиси ин кумита будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG