Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден: ҳукумати нави Ироқ ба зудӣ таъси хоҳад ёфт.


Ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷо Байден, мегӯяд, бовар дорад, ки сарварони Ироқ наздик ба ташкили ҳукумати наве ҳастанд, ки ба гуфтаи ӯ, аз ҷомеаи бар асари интихоботи ахир тақсимшуда намояндагӣ хоҳад кард. Байден якҷо бо вазири дифои Амрико, Роберт Гейтс, ба Ироқ сафар кард, то дар оғози амалиёти "Субҳи нав", барномаи нави ҳарбиёни амрикоӣ дар кӯмак ва машварат ба нерӯҳои ироқӣ, ширкат кунад. Амм ин сафар бештар як фишори Амрико ба сиёсатмадорони ироқӣ дар ташкили давлати нав дониста мешавад. Бо гузашти шаш моҳ аз интихобот аҳзоби ироқӣ натавонистаанд, дар сари таъсиси ҳукумати нав ба созиш расанд.
XS
SM
MD
LG