Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар маҳаллаи Чуқайшаи ноҳияи Ваҳдат, ки дар ҷараёни он яке аз 25 маҳбуси фирорӣ дар ин маҳал дастгир шуд, дар ҳоли ҳозир идома дорад. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки ба эҳтимоли ғолиб як тани дигар аз фирориён дар ин маҳал паноҳ бурдааст.

Масъулони вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ин амалиёт шоми дирӯз, 1-уми сентябр, оғоз ёфта буд ва дар пайи он нафари аввал - Иброҳим Насриддинов, мулаққаб ба Қорӣ Иброҳим, ки ба қавли мақомот раҳбари гурӯҳи фирориён аз зиндони Кумитаи амният, будааст, боздошт шудааст.



Бо таъйиди хабари боздошти Иброҳим Насриддинов, намояндаи дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Назриев чунин гуфт: «Яке аз ҷинояткорони махсусан хавфнок, ташкилкунандаи фирор аз маҳбаси Кумитаи амнияти милӣ Иброҳим Насриддинов дастгир ва безарар гардонида шуд. Аз ӯ як адад туфангча ва норинҷак мусодира карданд. Иброҳим Насриддинов бар асоси моддаҳои марбут ба сӯйиқасд ба куштор, куштор ва ғайриқонунӣ бо худ доштани силоҳи оташфишон ба мӯҳлати 23 сол маҳкум ба зиндон шуда буд. Амалиёт барои дастгир кардани боқимонда ҷинояткороне, ки аз зиндон фирор намудаанд, идома дорад.»


Кофтукоби саросарӣ дар Чуқайша


Рӯзи панҷшанбе, 2-юми сентябр, беш аз 200 маъмурони пулис манзилҳои сокинони маҳаллаи Чуқайша дар ноҳияи Ваҳдатро мавриди кофтукоб қарор доданд.

Замоне ки мо ба маҳаллаи Чуқайша наздик шудем, роҳҳои мошингард ба ин маҳал баста буд ва кормандони интизомӣ, ки аз чор тараф ин маҳалро ба муҳосира гирифта буданд, аз ҳар гуна аксбардорӣ ва наворгирии хабарнигорон ҷилавгирӣ мекарданд.

Бо ин ҳол, ба мо иҷоза шуд, то аз ҷараёни ин амалиёти густурдаи кормандони вазорати дохилӣ, ки якҷо бо нерӯҳои амниятӣ ташкил кардаанд, назорат кунем.

Нерӯҳои интизомӣ бо аслиҳаи ҷангӣ мусаллаҳ буданд ва гурӯҳ-гурӯҳ ва ҳамроҳ бо сагҳои бӯгир дар кӯчаҳову хонаҳои мардум мегаштанд. Ҳамзамон, тамоми мошинҳо, бахусус, мошинҳои шишасиёҳ, дар ин маҳал аз сӯи кормандони амниятӣ бо диққат бозрасӣ мешуданд.

Лаҳзаҳое, ки мо ҷараёни амалиётро аз дур назора мекардем, дар фазои ноҳияи Ваҳдат чархболи низомӣ ҳам гирд мегашт ва аз тавсеаи ин амалиёти боздошти фирориён шаҳодат медод.

Талошҳои мо барои сӯҳбат бо Рамазон Раҳимов, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар маҳалли ҳодиса бидуни натиҷа буд. Ӯ то замони хатми ин амалиёт сӯҳбат бо хабарнигоронро мавқуф гузошт.

Сокинони маҳаллаи Чуқайша, ки ғайриинтизори онҳо манзили зисташонро маъмурони амниятӣ ва пулис ҷустуҷӯ мекарданд, дар изтироб афтода буданд ва аслан намедонистанд, ки дар маҳаллаи онҳо чи мегузарад.

Маҳаллаи Чуқайша дар ноҳияи Ваҳдат каме дуртар аз маркази он ҷо гирифтааст.


Макони боздошти яке аз фирориён


Ҳангоми убури як тангкӯча аз пеши дарвозаи калоне мегузаштем, ки дари онро қуфл зада буданд ва як иштирокчии ин амалиёт, ки дар даст туфангча дошту рӯ ба рӯи мо меомад, гуфт, ин ҳамон манзилест, ки Иброҳим Насриддинов, яке аз 25 фирории маҳбус дар он ҷо боздошт шудааст.

Иброҳим Насриддинов, зодаи ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ, дар гузашта ноҳияи Колхозобод, аст, ки соли 2007 додгоҳи вилояти Хатлон ӯро ба 23 соли зиндон ҳукм кард.

Вай собиқ маҳбуси зиндони Гуантанамо низ аст, ки нерӯҳои амниятии Амрико ӯро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи «Ал-қоида» ва ҳаракати «Толибон» дар вилояти Қундуз боздошт карда буданд.

Гуфта мешавад, Иброҳим Насриддинов тӯли чанд сол дар Афғонистону Покистон омодагии ҷангӣ дидааст.


Ҳодисаи сарнавиштсоз барои раиси КАМ


Боздошти, ба қавли мақомот, раҳбари гурӯҳи фирориён аз зиндони Кумитаи амнияти миллӣ, ки Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи амнияти миллиро ҳам аз вазифааш барканор кард, баъд аз як ҳафтаи ин ҳодиса иттифоқ уфтод ва аз тарафи иддае аз коршиносон истиқбол ёфт. Воҳидхон Қосиддинов, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, гуфт: «Ин боздоштро ба таъйиноти нави амниятӣ бастагӣ медиҳам. Чун вақте онҳоро иваз карданд, корро ҷиддӣ гирифта, як тани фирориёнро боздошт карданд. Худо кунад, ки боқимондаҳояшро низ дастгир намоянд.»

Аммо чунин уммедвориҳо дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷиикстон акнун боз 24 фирории дигар аз боздоштгоҳи Кумитаи мнияти миллиро бояд ба ҳар қиммате, ки набошад, пайдо кунанд. Ҳоло гуфта мешавад, чунин амалиёти боздошти фирориён дар баъзе гӯшаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар Рашту Файзобод, ки пайи пойи ирориён ба он ҷо низ расидааст, агарчӣ ба шакли густурда ҳам набошад, ҷараён дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG